Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср ба созишҳои байналмилалӣ содиқ хоҳад монд


Миср ба ҳама созишҳои байналмилаливу минтақаӣ содиқ хоҳад монд. Дар ин бора намояндаи Шӯрои олии низомии Миср дар як суханронӣ аз тариқи телевизион таъкид кард. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки созиши сулҳ бо Исроил побарҷой хоҳад монд.
Баъд аз истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак қудрат дар Миср ба дасти низомиён гузашт, ки ба онҳо фелдмаршал Ҳусейн Муҳаммад Тантавӣ сарварӣ мекунад. Зимнан, Тантавӣ замони қудрати Муборак солҳои тулонӣ вазири дифоъи Миср буд.
Дар ҳамин ҳол ҳазорҳо нафар дар майдони Таҳрири Қоҳира боқӣ мондаанд. Онҳо истеъфои Муборакро таҷлил мекунанд ва ҳамчунин ба поксозии майдон машғуланд. Ҷонибдорони демократия эълом доштанд, ки то ваъдаи Шӯрои олии низомӣ барои ба роҳ мондани ислоҳоти демократӣ дар майдон хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG