Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Боку ҳамоишҳои зиддиэронӣ баргузор шуданд


Имрӯз дар канори бинои сафорати Эрон дар Боку ҳамоишҳои эътирозии зиддиэронӣ баргузор шуданд. Ин ҳамоишҳоро дар алоҳидагӣ ҳизби миллӣ-демократӣ ва созмони Маркази байнулмилалии ҷомеъаҳои миллӣ созмон доданд.
Гирдиҳамомадагон алайҳи бархе изҳороти, аз нигоҳи онҳо, зиддиозарии мансабдорону рӯҳониёни эронӣ дар телевизиони “Саҳар 2” ва наздиктар шудани робитаҳои Эрону Арманистон эътироз карданд. Онҳо шиор мезаданд, ки “Ба дасисаҳо алайҳи Озарбойҷон хотима диҳед!” ва “Аҳмадинажод, косаи сабри мо лабрез мешавад!”.
Кормандони полис эътирозгаронро пароканда накарданд ва аммо баъдтар чанд тани онҳоро боздошт намуданд.
XS
SM
MD
LG