Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон дандонпизишк яке касбҳои обрӯманд маҳсуб меёбад. Аммо соҳибони ин касб мегӯянд, камбизоатӣ мӯҷиби коҳиш ёфтани обрӯву эътибори дандонпизишкӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ҷӯрабек Гулмаҳмадов, духтури Дармонгоҳи дандонпизишкии №1 -и шаҳри Душанбе мегӯяд, дар замони шӯравӣ ӯ ҳам дар мактаб мешунид, ки касби дандонпизишкӣ «равғанӣ» аст, аммо ҳоло бо гузашти панҷ соли фаъолияташ дарёфтааст, ки вазъ ба куллӣ тағйир хӯрдааст: "Ҳоло на. Номаш мондааст, ки ҳамин тавр аст. Он замон фикр мекарданд, ки дандонпизишкон бо тилло сарукор доранд ва пули хуб ба даст меоранд. Аммо ҳоло дар сатҳи миёна аст. Ин тавр нест."

Оқои Гулмаҳмадов мегӯяд, сафи онҳое ҳам, ки мехоҳанд дандони тилло дошта бошанд, бамаротиб коҳиш ёфтааст. Ба қавли ӯ, дандони тилло дигар «мӯд» нест ва гузашта аз он, аслан дар Тоҷикистон истеҳсол намешавад ва аз хориҷ низ хеле кам ворид мешавад.

Лутфия, як хонум, ки барои барқарор кардани дандони тиллояш омадааст, мегӯяд, ин корро аз ночорӣ мекунад, зеро имкони мондани дигар намуди дандонро надорад: "Ҳамон дандонҳоеро мемонам, ки пеш дар замони шӯравӣ монда будам. Тилло. Дигар дандон монданияму лекин имкон надорам. Маҷбурам ҳамон дандонҳои пешинаамро барқарор кунам."

Дандонпизишкон мегӯянд, ҳоло бештар мардум шаклҳои гуногуни дандони садафро мехоҳанд насб кунанд, ки ба дандонҳои табиии инсон монанд аст. Як донаи ин навъи дандон вобаста ба сифат аз 50 то 80 доллари амрикоӣ қимат дорад, аммо теъдоди ин гуна мизоҷон хеле кам будааст.

Дар ҳамин ҳол, Умар Тоиров, сарвари Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Тоҷикистон мегӯяд, вобаста ба шароити иқтисодӣ дар Тоҷикистон ин навъи дандонҳо дар қиёс бо дигар кишварҳо арзонанд. Вай Русияро мисол овард, ки як донаи дандони садаф аз 120 то 300 доллар арзиш дорад.

"Он шарҳрвандони мо, ки Тоҷикистонро солҳои пеш тарк карда буданду дар Русия зиндагӣ мекунанд, ин ҷо меоянд то дандон шинонанд. Хароҷоти раҳашон низ мебарояд",-афзуд ӯ.

Навъи дигари маъмул дандони нуқрагӣ аст, ки бештар мавриди қабули сокинони афғону эронии Тоҷикистон аст ва аз 30 то 50 доллар қимат доштааст. Аммо ба қавли пизишкон, аксарияти кулли муштариён мехоҳанд дандонҳои арзони пластикии сохти Русия ва Чехро монанд. Ин навъи дандонҳо аз 30 то 100 сомонӣ қимат доранд ва хизматрасониашон низ то 200 сомонӣ аст.

Мирзоалӣ, сокини 40-солаи Душанбе, яке аз онҳоест, ки барои насби дандони пластикӣ омадааст. Вай гуфт, далели рехтани дандонҳояш муҳоҷирати меҳнатӣ будааст: "На ҳама вақт хӯроки гарм, на ҳама вақт чой, на ҳама вақт шустушӯи бамаврид аз ҳамон рӯзе, ки ман ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам, мушкили дандонҳои ман ҳам пайдо шуд. Аввал хун мерафт, баъд худи дандонҳо ба рехтан шурӯъ карданд. Аз асаб ҳам вобаста аст. Вақте ки кор нест, фикри ба хона пул фиристодан азоб медиҳад ва боз гапу хабар дар бораи мушкилоти оилавӣ мешавад аз ин тараф, бетаъсир набуданд."

Пизишкон мегӯянд, дар қиёс бо солҳои пешин маризиҳои марбут ба дандон бештар шуда, теъдоди муштариён низ афзудааст.

Иддае аз коршиносон инро аз коҳиш ёфтани вазъи иқтисодии мардум медонанд. Ба гуфтаи пизишкон, 80-85 дарсади маризиҳои дандон ба хӯрок ва истеъмоли муназзами меваву сабзавот бастагӣ дорад ва на ҳар сокини Тоҷикистон онҳоро ҳамарӯза аз рӯи меъёр истифода мекунад.

Аммо Умар Тоиров мегӯяд, олҳои ахир мардум ба нигоҳубини дандонҳояшон бештар таваҷҷӯҳ мекунанд ва дар қиёс бо солҳои пешин бештар ба духтури дандон муроҷиат менамоянд. Оқои Умаров мегӯяд, аз ин сабаб, теъдоди мизоҷони клиникаҳои дандонпизишкӣ ҳам афзудааст.

Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 250 намуди хизматрасонии дандонпизишкӣ мавҷуд аст ва ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ, ки аз 5 то 800 сомониро ташкил медиҳад, бо мувофиқати вазорати тандурустӣ ва худи клиникаҳо танзим мешавад. Музди дандонпизишкон низ ба он вобаста аст, ки ҳаҷми корашон чӣ қадар аст.

Аммо Ҷӯрабек Гулмаҳмадов мегӯяд, кори дандонпизишк дар қиёс бо дигар пизишкон сангинтар аст. Вай мегӯяд, сохтори босира ва асаби дандонпизишк хеле хаста мешавад, аз ин хотир, ӯ баъзан ҳатто наметавонад, ки роҳат телевизор тамошо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG