Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нисбат ба латукӯби Сайфуллозода парванда боз мешавад?


Ҳикматулло Сайфуллозода пас аз латукӯби афроди номаълум

Ҳикматулло Сайфуллозода пас аз латукӯби афроди номаълум

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, танҳо пас аз эълони натоиҷи ташхиси тиббӣ-судӣ, дар робита ба қазияи Ҳикматулло Сайфуллозода парванда боз мешавад.

Мустафо Каримов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки таҳқиқи ин ҳодиса ба ӯҳдаи вай вогузор шудааст, рӯзи панҷшанбеи 10-уми феврал ба "Озодӣ"гуфт, бар асоси натиҷаҳои ташхиси тиббӣ-судӣ, ки қарор аст имрӯз эълом шаванд, парвандаи ҷиноӣ дар робита ба латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода боз хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Каримов, айни ҳол санҷиш ва бозрасиҳо нисбат ба латукӯби сардабири ҳафтаномаи "Наҷот" ва узви раёсати олии ҲНИТ аз сӯи мутахассисон ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки аз ҳодисаи латукӯби ҷаноби Сайфуллозода се рӯз сипарӣ мешавад ва мақомоти ҲНИТ ин ҳамларо "сӯиқасд ба ҷони ӯ" ва "амали тарҳрезишуда алайҳи ин ҳизби динӣ" арзёбӣ кардаанд.

Аммо Мустафо Каримов, муфатишши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки ба гуфтаи худаш ду-се маротиба дар аёдати Ҳикматулло Сайфуллозода будааст, асоси боз кардани парвандаро ба натиҷаи ташхиси тиббӣ-судӣ ва мушаххас кардани дараҷаи ҷароҳатҳое, ки дар бадани ҷабрдида будааст, марбут медонад.

Бо ин ҳама, ҷаноби Каримов содир шудани ҷиноят, латукӯб, ҷароҳат бардоштан ва бистарӣ шудани Ҳикматулло Сайфуллозодаро тасдик мекунад, аммо мегӯяд, то замоне ки мушаххасот маълум нашавад, дар мавриди намуди ҷиноят гуфтан барвақт аст.

Ба гуфтаи худи Ҳикматулло Сайфуллозода, қабл аз Мустафо Каримов ду нафари дигар аз маъмурони пулис омада буданд, аммо он ҳангом гуфта мешуд, ки танҳо бо аризаи шикоятии вай намешавад, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҳикматулло Сайфуллозода субҳи рӯзи 7-уми феврал дар назди манзили худ аз сӯи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт ва ҳоло дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе бистарӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG