Пайвандҳои дастрасӣ

Се таркиши хунин дар Киркуки Ироқ


Таркиши мошинҳои бомбгузоришуда дар шаҳри Киркук, дар шимоли Ироқ, дастикам 7 кушта ва то 80 захмӣ ба ҷо гузошт. Як инфиҷор дар наздикии қароргоҳи нирӯҳои амниятии курд рух дода, ду таркиши дигар зоҳиран ҳайъатҳои дидбонии пулисро ба ҳадаф доштанд. Киркук як маркази танишҳои қавмӣ байни арабҳову курдҳо ва туркманиҳост. Сефки захоири нафти Ироқ, ки арзишаш 11 триллион доллар баровард мешавад, низ дар атрофи Киркук аст. Арабҳо тарс доранд, ки курдҳо мехоҳанд ин минтақаро ба вилояти мухтори Курдистони Ироқ ҳамроҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG