Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сердюков имрӯз аз Душанбе дидан мекунад


Вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков имрӯз бо як сафари кӯтоҳи ғайрирасмӣ вориди Душанбе мешавад.
“Азия Плюс”, ношири ин хабар навишт, Сердюков бо раҳбарони олии Тоҷикистон мулоқот карда, аз пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбе низ дидан хоҳад кард. Масоили ҳамкориҳои низомии Душанбеву Маскав ва истифодаи Русия аз фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар 10-километрии ғарби Душанбе, аз мавзӯъҳои эҳтимолии музокироти вазири дифоъи Русия бо мақомоти Тоҷикистон ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG