Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздони қаторҳо дар қаламрави Узбакистон боздошт шудаанд


Хабаргузории Сентразия.ру навиштааст, дар Узбакистон як гурӯҳи ҷинояткор, ки ба дуздиву ғорати молу колоҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбаикстон машғул будааст, боздошт шудааст. Дар ин хабар омадааст, посбонони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар қаламрави Узбакистон ҳангоми дуздии молу коло аз вагонҳои Эрон, ки ба сӯи Тоҷикистон ҳаракат мекардаанд, боздошт шудаанд. Ин кормандон Нурулло Назаров ва Раҷабалӣ Рашидов будаанд. Ҳоло ин ду нафар ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон супурда шудаанд. Дар хабар омадааст, ин ду нафар моли дуздидаи худро ба қаторҳои дигар бор мекардаанд ва ба Тоҷикистон мефиристодаанд.
XS
SM
MD
LG