Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни зебоии аспҳои ахалтеке дар Туркманистон


Аспҳои зотии Туркманистон ба озмуни зебоӣ омодагӣ мегиранд. Дар бораи баргузории чунин озмун раиси ҷумҳур фармоне содир кардааст. Дар Туркманистон аспҳои зоти Ахалтеке машҳуранд. Тибқи ин фармон ҳар сол дар моҳи апрел озмуни мазкур барои зебоии ин зот баргузор мешавад. Беҳтарин аспҳо унвони ифтихории "Боли Туркман"-ро дарёфт мекунанд ва дар мусобиқоти байналмиллалӣ ширкат меварзанд. Аспҳои зоти Ахалтеке то ҳол ба раҳбарони баъзе кишварҳо ҳадя шудаанд ва самбули миллии Туркманистон шинохта мешаванд. Сафармурод Ниёзов-раҳбари пешини ин кишвар дар соли 2004 дастур дода буд, ки як маркази парвариши ин зоти аспҳо ба арзиши 20 миллион доллар бунёд ёбад ва дорои ҳавзи оббозӣ, системи соф кардани ҳаво ва хадамоти беҳдоштӣ бошад.
XS
SM
MD
LG