Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Розентал: Дар мутаваққиф шудани равобит Теҳрон айбдор аст


Ури Розентал, вазири умури хориҷии Ҳуланд, масъулияти мутаваққиф шудани робитаҳои дипломатӣ миёни Теҳрон ва Гаагаро бар дӯши мақомоти Эрон гузошт, ки ба гуфтаи ӯ, "оддитарин қоидаҳои рафтори мутамаддинро на дар баробари шаҳрвандони худ ва на дар баробари хориҷиён риоя намекунад".
Ҳуланд имрӯз эълом дошт, ки сафири худ дар Эронро барои машварат ба кишвар бозхондааст. Аз ин иқдом дар робита ба эъдоми зане кор гирифта шудааст, ки душаҳрвандии Ҳуланд ва Эронро дорад. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Ҳуланд, сафир рӯзи панҷшанбе ба Гаага бармегардад. Ҳамзамон сафири Эрон дар Гаага дар робита ба ин ҳукми эъдом ба вазорати умури хориҷии Ҳуланд даъват хоҳад шуд.
Гаага робитаҳои дипломатияшро бо Теҳрон баъди он мутаваққиф кард, ки моҳи гузашта Заҳро Баҳромии 45-сола ба дор овехта шуд. Ӯ барои қочоқи маводи мухаддир ба марг маҳкум гардид ва аммо пайвандонаш мегӯянд, ки парванда ҷаҳлӣ буда, хонум Баҳромӣ барои ширкат дар тазоҳуроти зиддиҳукуматии соли 2009 эъдом шудааст.
Мақомоти Эрон талаби интиқоли ҷасади хонум Баҳромӣ ба Ҳуландро рад карданд.
XS
SM
MD
LG