Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ва Сурия "хишт"-и аввали "Обанбори дӯстӣ"-ро гузоштанд


Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия аз густариши муносибот бо Сурия ситоиш кард. Вай гуфт, сохтмони обанбор дар марзи миёни ду кишвар дар оянда ҳамкориҳоро таҳким мебахшад. Эрдуғон ин суханонро дар маросими оғози сохтмони "Обанбори дӯстӣ" изҳор дошт. Дар ин маросим нахуствазири Сурия низ ширкат дошт. Қарор аст оби ин обанбор барои обёрии 10 000 ҳектор замин дар ҳар ду кишвар ва барои тавлиди 16 миллион киловат соат барқ дар як сол истифода шавад.
XS
SM
MD
LG