Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини ҳукумати Сурия мардумро ба хиёбонҳо мехонанд


Дар Сурия гурӯҳи фаъолони мухолифин тавассути интернет аз мардум даъват намуданд, ки рӯзи ҷумъа баъд аз намоз дар намоиши осоишта алайҳи фасоду зулм ширкат кунанд. Аз баргузории ин гуна “рӯзи ғазаб” аллакай тақрибан 8 ҳазор истифодабарандаҳои шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter ҷонибдорӣ кардаанд. Бар пояи хабарҳо, мухолифини Миср ҳам тавассути ҳамин шабакаҳои интернетӣ амалҳои худро ҳамоҳанг карда буданд.
Гурӯҳи дигари фаъолони мухолифини Сурия аз шаҳрвандони норозӣ даъват намудааст, ки рӯзи панҷшанбе дар канори бинои парлумон намоиши эътирозӣ доир кунанд.
XS
SM
MD
LG