Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси маҳаллии як ҳизби мухолифи Беларус ба КГБ даъват шуд


Змитсер Салавёв-раиси маҳаллии Ҳизби Ҷабҳаи Мардумии Беларус дар шаҳри Могилёв, ки ҳизби мухолифи давлати ин кишвар мебошад, дар як моҳ бори дуввум ба Кумитаи Амнияти Миллии ин кишвар даъват шуд. Бори аввал Салавёвро 12-ӯми январ ба шӯъбаи кумитаи амният даъват карда буданд ва ба вай хабар доданд, ки бар зидди вай барои ба таври ғайриқонунӣ ҷамъ кардани мардум парванда боз шудааст. Ҳоло барояш гуфтаанд, ки вайро чун шоҳид даъват кардаанд. 15-ӯми январ афсарони амният хонаи Салавёвро бозҷӯӣ ва нармафзори компютерашро мусодира карданд. Дар миёни моликияти мусодирашудаи Салавёв ҳамчунин ду байрақи миллии Беларус бо рангҳои сафеду сурх, камераи наворбардорӣ бо наворҳо аз лаҳзаҳои тазоҳуроти Минск будаанд.
XS
SM
MD
LG