Пайвандҳои дастрасӣ

Обама вазъи Мисрро бо сарони чанд кишвар баррасӣ кард


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама бӯҳрони сиёсии Мисрро бо раҳбарони Арабистони саудӣ, Туркия ва Исроил баррасӣ кард. Ба иттилоъи Кохи Сафед, Обама бори дигар ба зарурати ҷилавгирӣ аз хушунат дар ҳалли низоъ дар ин кишвар таъкид намуд. Сарвари Амрико бо шоҳи Арабистони саудӣ Абдулло ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу сӯҳбати телефонӣ дошт. Ва аммо дар бораи бо кадоме аз раҳбарони Туркия сӯҳбат кардани Обама иттилоъ дода нашудааст.
Аз ин пештар Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак хост, ки интихоботи озоду одилона доир намояд ва талаби намоишгарон барои ислоҳотро бипазирад. Ҳилларӣ Клинтон афзуд, ки айни ҳол Вошингтон мавзӯъи қатъи кӯмак ба Қоҳираро баррасӣ намекунад.
Дирӯз яке аз раҳбарони ҷунбиши демкоратии Миср, раиси пешини Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Барадей, изҳор намуд, ки Амрико бо пуштибонӣ аз Ҳусни Муборак эътимоди мисриҳо ба Вошингтонро коҳиш медиҳад. Ӯ аз раҳбари феълии Миср даъват кард, ки ба истеъфо равад.
Дар шаш рӯзи нооромиҳо дар Миср тақрибан 150 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG