Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Хотамӣ: "Ховари Миёнаи нав дар ҳоли шаклгирӣ аст."


Як рӯҳонии баландпояи Эрон мегӯяд, тағйироти ҳукумат дар Тунис ва тазоҳуроти хушунатбор дар Мисру Яман, аломатҳои такрори инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 аст. Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ, дар намози ҷумъа дар шаҳри Теҳрон гуфт, “Ховари миёнаи ҷадиде бо мардумсолории динӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст”. Телевизиони давлатии Эрон бо инъикоси густурдаи тазоҳуроте, ки Мисрро фаро гирифтааст, гуфт, Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури ин кишвар сарнавишти беҳтаре аз шоҳи сарнагуншудаи Эрон надошт. Тазоҳургарон дар Яман низ хостори истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ шуданд, ки 32 сол боз раиси ҷумҳури ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG