Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср мунтазири тазоҳуроти бузурги зиддиҳукуматӣ


Миср худро барои раҳпаймоиҳои бузургтар бо талаби истеъфои Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури ин кишвар омода мекунад. Мисли дигар кишварҳои Ховари Миёна, мисриҳо низ аз болоравии қимати хона, бекорӣ ва ҳукуматдории худкома ба хашм омадаанд. Рӯзи панҷшанбе, Муҳаммад Ал-Бародаӣ, барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел ба Миср баргашт ва гуфт, ба тазоҳургарон мепайвандад. Мақомоти Миср кори хадамоти Интернет ва телефонҳои ҳамроҳ, ки дар ҳамоҳангсозии тазоҳурот нақши муҳим доштаанд, баҳам задаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳуснӣ Муборак, хостааст, “ислоҳоти ҷиддие” ба роҳ андозад. Аз рӯзи сешанбе то кунун баъди оғози тазоҳурот дар Миср 7 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG