Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Албания имрӯз тазоҳуроти ҷадид доир мешавад


Интизор меравад, имрӯз дар Албания тазоҳуроти бештари зидди давлат доир шавад. Тарафдорони ҳизби мухолифи сотсиалист қасд доранд, дар пойтахт, шаҳри Тирана, ба ёди се тазоҳургари як ҳафта пеш кушташуда раҳпаймоиӣ барпо кунанд.
Пулис ҳушдор дода, ки авоқиби хуби тазоҳуротро “замонат дода наметавонад.” Бо изҳори нигаронӣ аз имкони хушунатҳо, ИА, Амрико ва САҲА аз сотсиалистҳои Албания хостаанд, то тасмими раҳпаймоияшро бозбинӣ кунад. САҲА аз сарвазир Солеҳ Бериша ва раҳбари ҳизби сотсиалист Идӣ Рама даъват кард, то гуфтушунидро аз сар бигиранд.
XS
SM
MD
LG