Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои истирдоди се уйғур бо кишваре музокира накардааст


Туркия барои боздошти се шаҳрванди уйғуртабораш ба Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ фиристодааст. Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин ёддошт омадааст, ки гӯё ин се шаҳрванди уйғуртабори Туркия дар ҳудуди Тоҷикистон бо дархости ҷониби Чин дастгир шудаанд. Оқои Зарифӣ гуфт, дар бораи таслими ин се нафар ба кишвари дигаре Тоҷикистон бо ҳеҷ ҷониб гуфтушунид накардааст. Қаблан расонаҳои дохиливу хориҷӣ навишта буданд, ки се уйғуртабори Туркия дар Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ин се нафар гӯё 10 сол пеш аз Чин фирор кардаанд ва шаҳрвандии Туркияро пазируфтаанд. Чин онҳоро барои узвият дар гурӯҳҳои ҷудоиталаб гунаҳгор медонад.
XS
SM
MD
LG