Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хостори баррасии дубораи парвандаи кушторҳо шуд


Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Ҳюмен Райтс Вотч аз Додгоҳи Олии Қирғизистон хостааст, ки ба баррасии парвандаи кушторҳо дар ҷараёни нооромиҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон баргардад. Узбакҳо, аз ҷумла яке аз мудофеони машҳури ҳуқуқи башар барои даст доштан дар куштори як корманди полис ва чанд афсар дар моҳи июни соли гузашта дар Бозор-Қурғон муттаҳам дониста мешаванд. Ин 8 нафар мегӯянд, ки онҳоро шиканҷа додаанд ва дар зиндон таҳдид кардаанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар аз додгоҳи Олӣ дархост кардааст, ки ба парвандаи онҳо дубора расидагӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG