Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раҳбарони милиса баъди ҳамлаи Маскав


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар пайи бомбгузории хунин дар фурудгоҳи “Домодедово” Андрей Алексеев, раҳбари идораи милисаи нақлиёт дар ҳавзаи марказиро барканор кард. Медведев дирӯз дар анҷумани иқтисодии Давос гуфт, ҳадафи ҳамлагарон ба зону даровардани Русия буд, вале ба ин муваффақ нахоҳанд шуд.
Дар пайи ин таркиш раҳбари идораи милисаи фурудгоҳ ва ду муовини ӯ низ аз мақом сабукдӯш шудаанд. Дирӯз дар Русия ба ёди қурбониёни ин ҳамла рӯзи мотам эълон шуда буд. Дар таркиши рӯзи 24 январ дар “Домодедово” 35 нафар, бо шумули 2 шаҳрванди Тоҷикистон, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG