Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори рушди илму маориф дар Амрико шуд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, хостори сармоягузории бештар дар арсаи имлу маориф ва зербунёдҳо шуд, то бузургтарин иқтисоди дунё, дар саҳнаи ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад. Барак Обама дар паёми солонааш ба мардуми Амрико, марҳилаи феълиро ба замони рақобати Иёлоти Муттаҳида бо Шӯравии собиқ дар солҳои 50 монанд кард: "Ним аср пеш вақте шӯравӣ бо партоби моҳвораи “Спутник” ба кайҳон аз мо гузашт, мо ҳеҷ тассавур намекардем, ки онҳоро бо фуруд дар моҳ мағлуб мекунем. Илми дуруст набуд, НАСА вуҷуд надошт. Аммо баъди сармоягузорӣ ба пажӯҳишҳои беҳтар ва маориф мо на танҳо аз шӯравӣ гузаштем, балки шоҳиди мавҷи ихтироъкориҳо шудем, ки саноатҳои нав ва миллионҳо ҷойи кории нав офариданд. Ҳоло ҳамон лаҳзаи Спутник барои насли мост." Дар робита ба сиёсати хориҷӣ, Барак Обама гуфт, ҷанги Ироқ ба поёнаш наздик ва хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқу Афғонистон моҳи июл шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG