Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев терроризмро ҷиддитарин чолиш хонд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев терроризмро ҷиддитарин чолиш барои кишвараш номид. Ин изҳорот баъди ҳамлаи зоҳиран маргталабона дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав аст, ки дастикам 35 кушта ва ҳудуди 110 захмӣ ба ҷо гузошт. Медведев гуфт, бояд тамоми дастандаркорони ин ҳамла ба муҷозот кашида шаванд.
Медведев ҳамчунин хостори таҳқиқи кори масъулони амниятии фурудгоҳи “Домодедово” шуд. Касе масъулияти таркиши ахирро бар ӯҳда нагирифтааст, вале ангушти гумонҳо ин бор ҳам ба сӯи чирикиҳои Қафқози шимолӣ баланд мешавад.
XS
SM
MD
LG