Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди бекорони ҷаҳон имсол камтар мешавад, вале..


Созмони Байналмилалии Кор мегӯяд, соли гузашта дар саросари ҷаҳон 205 миллион нафар бекор буданд ва интизор меравад, ки имсол мизони бекории умумӣ ба таври чашмгир коҳиш нахоҳад ёфт. Ин созмон гуфт, интизор дорад, ки мизони бекорӣ дар ҷаҳон имсол камтар аз 1 дар сад коҳиш ёфта ва ба бештар аз 203 миллион хоҳад расид. Ба гуфтаи Созмони Байналмилалии Кор, аз замони шурӯъи бӯҳрони молӣ дар соли 2007 то кунун теъдоди бекорон тақрибан 27 миллион нафар афзудааст. Гузориши доир ба бекорӣ дар остонаи Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария нашр шуд, ки дар он раҳбарони сиёсӣ ва тоҷирон авзоъ дар саросари ҷаҳонро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG