Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 13 нафар захмӣ шудааст


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки дар таркиши Маскав 13 шаҳрванди кишвар захмӣ ва ду нафар кушта шудаанд.

Дар баёнияи расмии вазорат гуфта шудааст, ки Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонович ва Ҳақназаров Мурод Худойназарович, сокини ноҳияи Ҷиргатол дар миёни қурбониёни таркиши фурудгоҳи шаҳри Маскав будаанд.

Қаблан Вазорати умури хориҷӣ марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар бобмгузорӣ дар фурудгоҳи Домодедоворо таъйид накарда ва гуфта буд, ки ҳанӯз иттилои расмӣ дар ин мавридро аз мақомоти Русия нагирифтаанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин аз таъсиси як ситоди вижа дар сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст. Ин вазорат гуфтааст, ки "як гурӯҳ оҷилан ба ҷои ҳодиса, чанд гурӯҳи дигар ба шифохонаҳои Домодедово, Видное ва шаҳри Маскав фиристода шуданд."



Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон феҳристи 13 шаҳрванди захмишудаи кишвар дар таркиши фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро низ нашр кардааст.

Дар шифохонаи №7, шаҳри Маскав:

1. Искандаров Саидбек, соли таваллудаш 1968, аз ноҳияи Ваҳдат;

2. Ғафуров Бахтиёр Мухторович, соли таваллудаш 1968;

3. Кенҷаев Саъдулло Ҳайдарович, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин.

Дар шифохонаи №12, шаҳри Маскав:

1. Маҷидов Маъруф Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 15.07.1984, аз Душанбе, шаҳрванди Тоҷикистону Русия;

2. Умеди Аллобердӣ, соли таваллудаш 23.05.1987, аз ноҳияи Рўдакӣ, шаҳрванди Тоҷикистону Русия;

3. Одинаев Холмуҳаммад Масидинович, 20 сола, шаҳрванди Тоҷикистон;

4. Соҳибов Соҳиб Баҳриддинович, соли таваллудаш 05.04.1985, шаҳрванди Тоҷикистон.

Дар шифохонаи №15, шаҳри Маскав:

1. Худоёров Мансур Холматович, соли таваллудаш 1982.

Дар пажӯҳишгоҳи ёрии фаврии ба номи Н.В. Склифосовский:

1. Ҳасанов Нурулло Холматович, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин.

Дар шифохонаи шаҳри Видное:

1. Мӯъминов Алишер Додоҷонович, соли таваллудаш 1977, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.

Дар шифохонаи №83, шаҳри Маскав:

1. Бобоев Сафар Юлдошевич, соли таваллудаш 26.11.1983.

Дар пажӯҳишгоҳи ба номи Бурденко, шаҳри Маскав:

1. Силманов Салим Муносибшоевич, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин.

Дар шифохонаи № 20:

1. Самиева Насиба Музафаровна, 41-сола, ҳолаташ вазнин.
XS
SM
MD
LG