Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз раисиҷумҳури Узбакистон барои музокирот бо мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ба Брюссел меравад.

Қарор аст, Каримов бо раиси Куммисюни Аврупо Жозе Баррозо ва куммиссари ИА дар умури тавсеа Гюнтер Оттингер мулоқот кунад. Имзои як ёддошти тафоҳум перомуни ҳамкорӣ дар риштаи энержӣ ва ҳам баҳси мавзӯи ифтитоҳи дафтари ИА дар Тошканд дар назар дошта шудааст.

Ислом Каримов бо дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен ғолибан ҳамкории Тошканд дар амалиёти НАТО дар Афғонистонро баҳс хоҳад кард. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз қарори мақомоти аршади ғарбӣ дар Брюссел барои мулоқот бо Ислом Каримов башиддат интиқод мекунанд.

Аммо сухангӯи Куммисюни Аврупо Оливер Бейлӣ гуфт, мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар мулоқот бо Каримов масоили ҳуқуқи башар ва ислоҳотро дар авлавият хоҳанд гузошт.

Бино ба хабарҳо, гурӯҳҳое, чун Amnesty International ва Human Rights Watch қасд доранд, ба нишони дифоъ аз ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон дар Брюссел як намоиши эътирозӣ барпо кунанд.

Муносибати кишварҳои ғарбӣ бо Узбакистон дар соли 2005, дар пайи ҳодисаҳои хунини Андиҷон ба сардӣ гароид ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи ин кишвари Осиёи Марказӣ таҳримҳо ҷорӣ кард. Вале бо гузашти шаш сол аз ҳодисаҳои хунини Андиҷон зоҳиран Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки бо Узбакистон муносибати хуберо ба роҳ монад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG