Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустнамоиши "Тихая застава" дар Краснодар


Дар Краснодари Русия нахустнамоиши филми нави “Тихая застава” баргузор шудааст. Филми нави коргардон Валерий Поволяев бар асоси рӯйдодҳои воқеъӣ сохта шуда, достони марзбонони русест, ки дар таърихи 13 июли соли 1993 дар минтақаи марзии Маскав, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ҳадафи ҳамлаи нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик қарор гирифтанд. Нақши асосӣ - фармондеҳи қисми марзбонӣ Панкинро Андрей Чадов бозӣ мекунад.
Ҳамлаи 13 июли соли 1993 алайҳи марзбонони рус боиси тағйири дидгоҳи Маскав нисбат ба нирӯи мухолифини тоҷик шуд ва роҳро ба музокироти сулҳ боз кард. Ин музокирот дар 27 июни соли 1997 ба имзои созишномаи сулҳ дар Маскав овард.
XS
SM
MD
LG