Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Карзай ва Медведев дар Маскав


Имрӯз дар Маскав мулоқоти раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Афғонистон – Дмитрий Медведев ва Ҳомиди Карзай дар назар гирифта шудааст. Дар ин сафар қарор аст масъалаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ширкати Русия дар барқарории Афғонистон ва мубориза зидди маводи мухаддир баррасӣ шавад. Хабарнигори радиои Озодӣ дар Маскав Виталий Камишев роҷеъ ба масъалаҳои дигари мавриди баррасии ин диду боздидҳо чунин гузориш дод:

“Мутахассисони Русия дар барқарорсозии низоми милии барқдиҳии Афғонистон иштирок карда, ҳамчунин ин кишвар дар амри бахшиши қарзҳои Афғонистон бо ин кишвар музокираҳо анҷом медиҳад. Вале миёни онҳо мушкилоте чанд вуҷуд дорад. Эҳтимолан дар ин нишаст ҳамчунин мавзӯи ҳимояти манфиатҳои сармоягузорони рус дар Афғонистон баррасӣ шавад”.

Карзай, ки бо ҳайати калони ҳукуматӣ, аз ҷумла ҳама вазирони умури интизомии худ ба Маскав рафтааст, инчунин бо нахуствазир Владимир Путин ва раиси Палатаи савдои Русия
Евгений Примаков сӯҳбатҳо анҷом хоҳад дод. Ин нахустин мулоқоти ду раҳбар дар Маскав ва чаҳорӯмин мулоқоти онҳо дар як соли охир мебошад.
XS
SM
MD
LG