Пайвандҳои дастрасӣ

Даври нави музокироти Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ


Имрӯз дар шаҳри Истанбули Туркия даври нави музокироти намояндагони Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ шурӯъ мешавад. Ҳайъати Эронро Сайид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаӣ ва Бритониёву, Чину Фаронса, Олмону Русия ва Амрикоро, Кетрин Эштон масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо намояндагӣ мекунад. Дар музокироти ҷонибҳо дар моҳи декабр дар шаҳри Женева дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон пешрафти ночизе ҳосил шуд. Кишварҳои Ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки давлати Эрон рад мекунад. Вилям Бурнс, муовини вазири умури хориҷаи Амрико ва раҳбари ҳайъати кишвар дар музокирот гуфт, Вашингтон умедвор аст, музокирот “ҷараёни расидагӣ ба нигарониҳо аз ҳадафи аслии фаъолиятҳои атомии Эронро” шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG