Пайвандҳои дастрасӣ

Мактабҳо ба забони украинӣ дар Украинаро мебанданд?


Ба яке аз мактабҳои қадима бо забони украинӣ дар шаҳри Донетски Украина хатари басташавӣ таҳдид мекунад. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, мақомоти расмӣ дастур додаанд, ки ин мактаб дар ноҳияи Петро баста шавад, зеро аксари мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ нимахолӣ ҳастанд ва баъзе аз онҳо бояд баста шаванд. Аммо омӯзгорон ва волидони муҳасиллини мактаби украинӣ мухолифи бастани мактабанд ва аз мақомот хостаанд, ин корро накунанд. Дар шаҳри Донетски Украина аз 220 мактаб танҳо дар 36 тои он бо забони украинӣ дарс мегуфтаанд, бақия ҳама бо забони русӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG