Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се вазир ҳукумати ваҳдати миллии Тунисро тарк карданд


Бузургтарин иттиҳодияи коргарии Тунис гуфт, се вазираш аз ҳайъати ҳукумати ваҳдати миллӣ хориҷ хоҳанд шуд, ки ин ҳукумат баъди фирори раиси ҷумҳури Тунис ташкил шуд. Сабаби ин тасмим ҳузури аъзои ҳукумати раиси ҷумҳур Зайнулобиддин Бин Алӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ будааст. Бин Алӣ дар пайи ошӯбҳои мардумӣ аз Тунис фирор кард, аммо намояндагони ҳизби ӯ, ҳамчунон дар ҳукумати ваҳдати миллӣ мақомҳои вазири дифоъ, умури хориҷӣ, умури дохилӣ ва вазири молияро дар даст доранд. Пулиси Тунис дирӯз тазоҳургаронеро, ки алайҳи ҳузури онҳо дар ҳукумати ваҳдати миллӣ эътироз мекарданд, бо истифода аз гази ашковар пароканда кард.
XS
SM
MD
LG