Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис эътирози нав дар Тунисро пароканда кард


Пулиси Тунис имрӯз барои пароканда кардани раҳпаймоии хурде алайҳи ҳукумати нави ин кишвари арабии шимоли Африқо аз гази ашковар истифода бурд.
Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 100 эътирозгар дар маркази пойтахти Тунис алайҳи ҷалби аъзои маъмурияти раиси барканоршудаи ин ҷумҳурӣ Зайналобуддин Бен Алӣ ба ҳайъати ҳукумати ваҳдати миллӣ эътироз доштанд. Бен Алӣ баъд аз 23 соли раҳбарӣ дар ҳафтаи гузашта аз Тунис фирор кард. Аммо дар кобинаи ҷадид, ки 3 тан аз мухолифинро низ дар бар мегирад, ҳизби Бен Алӣ вазоратҳои муҳими умури дохиливу хориҷӣ, дифоъ ва молияро ҳифз кардааст.
Аммо сарвазири Тунис Муҳаммад Ғанушӣ, ки дар аҳди Бен Алӣ низ сарвазир буд, аз ҷалби намояндагони маъмурияти пешин ба ҳайъати кобинаи ваҳдати миллӣ пуштибонӣ кард. Ғанушӣ гуфт, мансабдороне, ки дар аҳди Бен Алӣ дар таъқиби мухолифин даст доштанд, ба масъулият кашонида хоҳанд шуд, вале онҳое, ки дар ҳайъати ҳукумат мондаанд, афродеанд, ки “дасти тоза” доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG