Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон бамгузорони ахири Бишкекро эълон кард


Кенешбек Дюшебаев-раиси кумитаи амнияти миллии Қирғизистон имрӯз гуфт, гурӯҳе бо номи "Жаушул Маҳдӣ" масъули бамгузорӣ дар канисаи наздикии Бишкек дар тирамоҳи гузашта, бамгузорӣ дар назди муҷтамаи варзишии Бишкек ва дар ин рӯзҳо талоше барои бамгузорӣ дар назди идораи пулиси Бишкек мебошанд. Ба гуфтаи Дюшебаев, раҳбари ин гурӯҳ бо номи Советбек Исломов дар ҷараёни як амалиёт кушта шудааст. Вай афзуд, 16 нафар узви ин гурӯҳ будаанд. 15 нафари онҳо қирғиз ва як нафари онҳо рус будааст. 11 нафари онҳо боздошт шудаанд. 2 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 3 нафари дигар ҷустуҷӯ мешаванд. Дюшебаев навори тасвириеро ба рӯзноманигорон нишон додааст. Дар ин навор яке аз боздоштшудагон эътироф мекунад, ки инфиҷорҳоро онҳо анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG