Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов:"Канали телевизионии варзишӣ боз мешавад"


Соли равон дар Тоҷикистон канали телевизионӣ барои пахши барномаҳои варзишӣ оғоз ба кор мекунад. Рӯзи ҷумъа раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт, ки ташкили чунин канали варзишӣ аллакай шурӯъ шудааст ва агар кор ба ҳамин шакл идома ёбад, соли равон ҳаводорони варзиш имкон хоҳанд дошт, ки барномаҳои онро тамошо кунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон чор шабакаи телевизионии умумиҷумҳуриявӣ барномаҳояшонро пахш мекунанд.

XS
SM
MD
LG