Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom Hоuse: Тоҷикистон ҳамоно кишвари ноозод аст


Соли гузашта дар 25 кишвари олам, аз ҷумла, дар Русия, вазъи риояи меъёрҳои демократӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ бадтар шудааст. Дар гузориши солонаи созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ оид ба сатҳи озодиҳо дар ҷаҳон ба бадшавии авзоъ дар Чин, Эрон, Венесуэла ишора шудааст. Украина, ки қаблан ба сафи кишварҳои озод шомил буд, имсол ба феҳристи кишварҳои “қисман озод” ворид шудааст. Аз нигоҳи муаллифони гузориши Freedom House вазъ дар Қирғизистон, ки он ҷо соли гузашта интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, андаке беҳтар шудааст. Тоҷикистон имсол ҳам миёни кишварҳои ноозод ҷой дорад.
Ба иттилоъи Freedom House, айни ҳол аз миёни 200 кишвар фақат 115 кишварро метавон демократӣ номид.
XS
SM
MD
LG