Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс ҳаққи Сеул барои посух ба ҳамлаи Пхенянро тайид кард


Кореяи Ҷанубӣ ҳаққи посух ба ҳамла аз сӯи Кореяи Шимолиро дорад. Изҳороти вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар ин бора дар Токио садо дод. Ҳамзамон раҳбари Пентагон, ки бо як сафар дар Ҷопон қарор дорад, аз Сеул даъват кард то барои ҷилавгирӣ аз дасисаҳои ҳамсояҳои шимолӣ ва шурӯъи ҷанг талошҳои дипломатиро афзоиш диҳад.
Аз ин пеш Гейтс гуфта буд, ки Кореяи Шимолӣ ба рушди фановариҳо дар бахши сохтани мушакҳои байниқоравӣ муваффақ шудааст ва ин барои ИМА хатар эҷод мекунад.
Ду кишвари нимҷазираи Корея баъди он дар ҳоли ҷанг қарор гирифтанд, ки моҳи ноябр низомиёни Кореяи Шимолӣ аз тӯпхона ба ҷазираи Ёнпхендои Кореяи Ҷанубӣ оташ кушоданд. Дар ин ҳодиса чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG