Пайвандҳои дастрасӣ

Качинскӣ: Натоиҷи тафтишот тамасхур ба Лаҳистон аст


Ярослав Качинскӣ, раиси ҳизби “Ҳуқуқ ва адолат” ва бародари раисиҷумҳури пешини Лаҳистон Лех Качинскӣ, натоиҷи ниҳоии тафтишоти суқути ҳавопаймои ТУ-154 дар канори шаҳри Смоленскро “комилан якҷониба”, “бидуни далел” ва “тамасхур ба Лаҳистон” номид. Имрӯз Кумитаи байнидавлатии ҳавопаймоии Русия изҳор намуд, ҳавопаймои ТУ-154, ки дар он раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ ва сиёсатмадорону донишмандони кишвар ҳузур доштанд, бар асари сарпечии сарнишинҳо аз фуруд омадан дар фурудгоҳи эҳтиётӣ суқут кардааст. Татяна Анодина, раиси ин кумита, зимни муаррифии натоиҷи ниҳоии тафтиши суқути ҳавопаймо гуфт, ки бо вуҷуди ҳушдори хадамоти фурудгоҳи шаҳри Смоленск сарнишинҳои ҳавопаймо дар бораи маҳз дар ин ҷо шинондани ТУ-154 тасмим гирифтаанд. Ба гуфтаи хонум Анодина, "комиссиюни техникӣ муқаррар кард, ки ҳавопаймо қабл аз парвоз аз Варшава нуқсе надошт ва ҳангоми парвоз муҳаррику дигар системи он аз кор намондаанд".
Ба гуфтаи Татяна Анодина, Кумитаи байнидавлатии ҳавопаймоии Русия тафтишро анҷом додааст ва “қуттиҳои сиёҳ” ҳамроҳ бо пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар ихтиёри Лаҳистон гузошта мешавад.
10 апрели соли гузашта бар асари суқути ҳавопаймои ТУ-154 раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ, хонуми ӯ Мария ва теъдоди бузурги сиёсатмадорону донишмандони кишвар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG