Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Баъд аз хуруҷи нируҳо мо шуморо тарк намекунем


Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфт, тааҳудоти Амрико ба Афғонистон дар соли 2014 замоне, ки нируҳои Амрико амнияти Афғонистонро дар ихтиёри нируҳои ин кишвар мегузоранд, ба поён нахоҳад расид:

"Мо соли 2014 шуморо тарк намекунем. Умедворем, ки мо ба куллӣ масъулияти амниятро ба нируҳои амниятии Афғонистон месупорем, то амниятро ҳифз кунанд. Вале мо тарк намекунем, агар шумо инро нахоҳед. Мо ба нақша гирифтаем, ки бо шумо корро идома медиҳем ва ин ба нафъи ҳам кишвари мо ва ҳам кишвари шумост".


Дирӯз Ҷо Байден дар ҷараёни боздидаш аз Афғонистон дар Кобул бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар, генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико ва Карл Эйкенберрӣ-сафири Амрико дар Афғонистон мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG