Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони айбнома ба 31 эътирозгар дар Беларус


Мақомоти Беларус 31 нафарро ба ташкили эътирозҳо дар пайи интихоботи рӯзи 19 декабри раёсати ин ҷумҳурӣ айбдор карданд. Вазорати дохила гуфт, пулис дар маҷмӯъ 120 ширкаткунандаи фаъоли ин эътирозҳоро шиносоӣ карда, саҳми 31 нафар тавассути наворҳои видеоӣ собит шудааст.
Дар ҷараёни эътирозҳое, ки дар пайи эълони пирӯзии раисиҷумҳур Аляксандр Лукашенка дар интихоботи пурбаҳси моҳи декабр Минскро фаро гирифт, ҳудуди 600 нафар, бо шумули аксари номзадҳои мухолифин, фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорон, боздошт шуданд. Як бахши ин эътирозгарон то ҳол таҳти боздошт қарор доранд.
XS
SM
MD
LG