Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони ҳастаии Амрикову Русия ба иҷро даромад


Қарордоди деринтизори ҳамкории Амрикову Русия дар риштаи энержии ҳастаии мулкӣ имрӯз ба дунболи табодули ёддоштҳои дипломатии ду ҷониб дар Маскав ба иҷро даромад. Ин паймон, ки моҳе пеш аз сӯи Конгресси Амрико ҳам тасвиб шуд, ба ду кишвар имкони табодули фанновариҳои ҳастаӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар роҳи пешгирӣ аз тавсиаи силоҳҳои ҳастаиро фароҳам меорад. Қарордод ҳанӯз моҳи майи соли 2008 дар Маскав имзо шуд, вале дар пайи танишҳо бар сари ҷанги Русияву Гурҷистон ба ҳоли таълиқ омад. Барак Обама аммо ин паймонро ҷузъе аз барномаи азсаргирии равобити Амрикову Русия мешиносад.
XS
SM
MD
LG