Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони муҳими Амрикову Русия ба иҷро медарояд


Қарордоди деринтизоре, ки ба ҳамкории Амрикову Русия дар риштаи энержии ҳастаии мулкӣ роҳ мекушояд, билохира имрӯз ба дунболи табодули номаҳои ёддоштӣ байни сафири Амрико дар Маскав Ҷон Бейрлӣ ва муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков ба иҷро хоҳад даромад. Ин паймон, ки моҳе пеш аз сӯи Конгресси Амрико ҳам тасвиб шуд, ба ду кишвар имкони табодули фанновариҳои ҳастаӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамкории наздик дар роҳи пешгирӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаиро фароҳам меорад. Қарордод ҳанӯз моҳи майи соли 2008 дар Маскав имзо шуд, вале раҳбари вақти Амрико Ҷорҷ Буш дар пайи танишҳои бархоста байни Маскаву Вошингтон бар сари ҷанги Русияву Гурҷистон ин паймонро ба таълиқ андохт. Барак Обама аммо иҷроӣ кардани паймони ҳамкорӣ дар соҳоти ҳастаиро ҷузъе аз барномаи азсаргирии равобити Амрикову Русия мешиносад.
XS
SM
MD
LG