Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ному насаби узви боздоштшудаи гурӯҳи Бедакӣ ошкор гардид


Мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон ному насаби фарди дар амалиёти низомӣ дар деҳаи Руноби ноҳияи Рашт боздоштшударо ошкор карданд. Ба иттилоъи хабаргузории Азия-плюс, боздоштшуда сокини шаҳри Душанбе Анвар Холов аст ва ӯ айни ҳол дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳ дошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 январ бар асари амалиёти вижа дар наздикиҳои шаҳраки Ғарм раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва ҳафт узви дасти ӯ кушта шудаанд. Хабар дода мешуд, ки яке аз афроди мусаллаҳ ба даст устодааст.
Ба иттилоъи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, тибқи қонун ҷасади террористҳои кушташуда ба пайвандонашон дода намешавад ва ҷойи дафни онҳо низ махфӣ боқӣ мемонад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки гурӯҳи Алии Бедакӣ дар ҳамлаи рӯзи 19 сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ даст дорад. Дар он ҳамла 28 афсару сарбоз кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG