Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЭТА аз муборизаи мусаллаҳона даст кашид


Гурӯҳи ҷудоихоҳи баскҳо - ЭТА бори дигар дар бораи оштии доимӣ ва қатъи ниҳоии муборизаи мусаллаҳонааш хабар дод. Дар изҳороти ахири ин гурӯҳ гуфта шудааст, ки тасмими феълӣ баёнгари талошҳои аз роҳҳои осоишта ба аҳдоф расидани баскҳост.
Ва аммо дар ин изҳорот дар бораи омодагии ЭТА барои халъи силоҳ, ки аз шартҳои аслии ҳукумати Испания барои музокирот бо ҷудоихоҳон маҳсуб мешавад, чизе гуфта нашудааст.
Шурӯъ аз солҳои 60-уми қарни гузашта гурӯҳи ЭТА барои таъсиси давлати мустақили баскҳо дар қаламрави Испания ва Фаронса талош мекунад. Дар ин муддат бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ беш аз 800 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Испания, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ЭТА-ро гурӯҳи террористӣ мехонанд.
XS
SM
MD
LG