Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мумтоз Қадрӣ дар куштори волии Панҷоб иқрор шуд


Мумтоз Қадрӣ, муҳофизи собиқи волии Панҷоби Покистон тасдиқ кард, ки волӣ Салмон Таъсирро куштааст. Ин ҳодиса рӯзи 4 январ ба вуқӯъ пайваст. Дар тирпарронии баъд аз ин куштор панҷ нафар ҷароҳат бардоштанд.
Мумтоз Қадрӣ имрӯз дар додгоҳи шаҳри Равалпиндӣ изҳор намуд, ки тани танҳо амал кардааст. Сабаби даст ба куштор заданашро Мумтоз Қадрӣ бо нафраташ ба Салмон Таъсир марбут кард, ки ба гуфтаи ӯ, аз нармтар шудани қонуни тавҳини дини ислом пуштибонӣ менамуд.
Дирӯз дар шаҳри Қарочӣ, воқеъ дар ҷануби Покистон, ҳамоиши мухолифини лағви ҳукми эъдом барои тавҳини ислом баргузор шуд. Бархе аз ширкатдорони ҳамоиш дар овезаҳои худ аз Мумтоз Қадрӣ чун қаҳрамони миллӣ ситоиш мекарданд.
XS
SM
MD
LG