Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи қарзи музди кори кормандони "Сангтӯда-1"


Бар зидди раҳбарони ширкати "Иншооти обии Осиёи Марказӣ" барои пардохт накардани музди кори коргарон парванда боз шудааст. Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Данғара хабар додааст. Раиси ин ширкат Иннокентий Ким ва Илҳомҷон Ҳакимов-сармуҳосиби ширкат барои тахаллуфоти молӣ барои пардохт накардани дастмузд бояд ба додгоҳ ҳозир шаванд. Дар ин ширкат 105 коргар се моҳ ҳақи кори худро нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG