Пайвандҳои дастрасӣ

Лоран Гбагбо ба музокирот розӣ шуд


Раисиҷумҳури феълии Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо ба музокироти бидуни пешшарт оид ба беруншавӣ аз бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар розӣ шуд. Дар ин бора ахиран намояндагони Иттиҳодияи кишварҳои Африқои ғарбӣ, ки талоши оштӣ миёни Гбагбо ва рақиби ӯ Алассон Уаттарро доранд, хабар доданд.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ пирӯзии Уаттар дар интихоботи раёсатҷумҳуриро эътироф кардааст ва аммо Гбагбо аз интиқоли қудрат ба рақибаш сарпечӣ ва барои шумориши такрории раъйҳо пойфишорӣ мекунад. Бар асари задухӯрдҳо миёни ҷонибдорони Гбагбо ва Уаттар дар Соҳили Оҷ даҳҳо нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG