Пайвандҳои дастрасӣ

3 дарвеш дар Эрон дар боздошт боқӣ мемонанд


Бино ба хабарҳо, дар пайи як амалиёт се дарвеши сӯфӣ дар Эрон таҳти боздошт қарор гирифтаанд. Кумитаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи дарвешону донишҷӯён дар Эрон гуфт, пулис ва нирӯҳояи амниятӣ рӯзи якшанбе 5 узви ҷамъияти сӯфиёни Неъматуллоҳи Ғунободиро дар Фӯлодшаҳр дастгир карданд. Сӯдоба Қоимӣ, сухангӯи ин созмон дар Аврупо ба Радиои Фардо гуфт, ҳадафи амалиёт манзиле буд, ки дар он Муртазо Маҳҷубӣ, раҳбари ин ҷамъият қарор дошт. Ба гуфтаи хонум Қоимӣ, баъди онки Маҳҷубиро ба бахши вазорати иттилоот дар зиндони Дастгирди Исфаҳон бурданд, пайравонаш дар рӯбарӯи ин зиндон эътироз барпо карданд. Ба дунбол, шоми ҳамон рӯз мақомот Маҳҷубӣ ва писари ӯро раҳо карданд, вале 3 дарвеши дигар ҳамчунон дар боздошт боқӣ мемонанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, таъқиби дарвешон дар аҳди раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG