Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи солона рӯзи 17 январ доир хоҳад шуд


Ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон, ки махсуси баррасии натоиҷи соли гузашта ва барномаҳои имсолаи ҳукумат аст, ба рӯзи 17 январ таъйин шудааст. Дар ин ҷаласа, ки таҳти раҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузашт, қарор аст, ҳисоботи масъулони вазоратхонаҳову идороти давлатӣ дар бораи як соли фаъолияташон шунида шавад. Аммо ҷаласаҳои солонаи ҳукумати Тоҷикистон бештар бо тағйироти кадриаш маъруф аст. Расонаҳои чопи Душанбе навиштаанд, ки мавзӯъи табдили чанд вазир имсол низ дар дасти баррасӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG