Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон мегӯяд, мушкилаш бо Эрон ҳал нашудааст


Давлати Афғонистон имрӯз аз Эрон тақозо кард, то вуруди тонкерҳои сӯзишворӣ ба он кишварро иҷоза диҳад. Воҳид Умар, сухангӯи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, бо вуҷуди тавофуқи дутарафа ҳанӯз ҳам ин мушкил рафъ нашудааст. Ҳафтае пеш, Эрону Афғонистон ба мувофиқа барои иҷозаи убур ба мошинҳои сӯзишворӣ ба Афғонистон ба созиш расиданд, аммо садҳо мошини боркаш ҳанӯз ҳам иҷозаи убурро нагирифтаанд. Эрон мегӯяд, ба он хотир монеъи убури мошинҳо шудааст, ки сӯзишворӣ барои таъмини нерӯҳои амрикоӣ ва дигар нерӯҳои хориҷӣ, ки дар Афғонистон ба зидди Толибон меҷанганд, истифода мешавад. Ҳудуди 30 дар сади сӯзишвории Афғонистон аз тариқи қаламрави Эрон ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG