Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Сургут ҳавопаймои мусофирбарии Русия оташ гирифт


Дар фурудгоҳи Сургути Русия воқеъ дар Сибир дар хатти парвоз қабл аз хестан ба ҳаво яке аз моторҳои ҳавопаймои мусофирбарии Туполев-154 оташ гирифтааст. Ин ҳавопаймо тақрибан бо 130 нафар аз Сургут бояд ба Маскав парвоз мекард. Мақомоти ширкати ҳавоии Русия мегӯянд, мусофирон ва халабонони ҳавопайморо тавонистаанд аз дохили ҳавопаймо ба берун бикашанд, вале натвонистаанд оташро фурӯ нишонанд. Дар натиҷа инфиҷоре рух додааст. Баъд аз инфиҷор аз ҳавопаймо як ҷасади сӯхтаро пайдо кардаанд. Дар робита бо ин ҳодиса парванда боз шудааст.
XS
SM
MD
LG