Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби Лупу ба раҳбарии парлумони Молдова


Парлумони Молдова раҳбари ҳизби демократ Мариан Лупуро раиси маҷлис интихоб кард. Ҳизби демократ дирӯз ба эътилофи аҳзоби рӯ ба Ғарб пайваст ва аз номзадии Лупу 57 вакили марбут ба ин эътилоф пуштибонӣ карданд, вале вакилони коммунист дар раъйдиҳӣ ширкат надоштанд. Аммо орои вакилони эътилофи рӯ ба Ғарб барои интихоби раисиҷумҳури Молдова ҳамчунон кифоят намекунад. Дар ин шароит раиси парлумон кафили раёсати ин ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Молдова наздики 2 сол аст, наметавонад соҳиби раисиҷумҳур шавад. Интихоботи моҳи ноябр низ таносуби нирӯҳо дар парлумонро зиёд тағйир надод ва ҳизби коммунист ҳамчунон талошҳо барои интихоби президентро замин мекунад.
XS
SM
MD
LG