Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвози мушкили ҳавопаймои тоҷикӣ ба Маскав


Азия-Плюс аз қавли масъулини ширкати ҳавоии “Сомон-эйр” менависад, ки шаҳрвандони рӯзи 26 декабр аз фурудгоҳи Душанбе ба самти Маскав парвозкарда эҳтимолан имрӯз ба пойтахти Русия мерасад. Ҳолати номусоиди ҳаво дар Маскав сабаби аслии дар яке аз фурудгоҳҳои шаҳри Қазон фуруд омадани ҳавопаймои тоҷикӣ гардид. “Сомон-эйр” гуфтааст, ки аз ҳисоби ин ширкат “ҳама мусофирон бо ғизо ва шароити муносиб таъмин шудааст”. Азия-Плюс дар идома менависад, ки бо пешниҳоди “Сомон-эйр” 27 мусофир розӣ шуд ба Маскав бо автобус равона шуда, дигарҳо мунтазири иҷозаи парвоз монданд ва эҳтимолан имрӯз ба пойтахти Русия расонда мешаванд. Аз рӯи иттилои Итар-Тасс, 6,5 ҳазор мусофир натавонистанд дар давоми чанд рӯзи охир аз фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметйево парвоз кунанд.
XS
SM
MD
LG